ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар паи суқути ҳавопаймои ширкати "Бек Эйр" дар наздикии Алмаато раҳбари Шӯрои генералҳои Қазоқистон Рустам Кайдаров вафот кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Дар Шӯрои генералҳо марги раҳбари 79-солаашонро тасдиқ карданд. Феълан Шӯрои нишасти вижае баргузор мекунад, ки дар он маросими дафни раҳбарашон баррасӣ мешавад.
Ёдрас мешавем, ки ҳавопаймои мусофирбари хатсайри Алмаато - Нур-Султон пас аз парвоз суқут кард.
Бино ба гузориши манбаъ, тақрибан 30 каси дигар дар беморхона бистарӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо пас аз парвоз дигар ба баландӣ баромада натавониста, девори бетониро шикаста ва ба бинои дуошёна бархӯрд.
"Имрӯз ҳавопаймои ширкати "Бек эйр", ки тариқи хатсайри 2100 Алмаато-Нурсултон, соати 7:05 парвоз кард, аз радар ғайб зад. Дар дохили ҳавопаймо 95 мусофир ва 5 сарнишин воқеъ буданд", - омадааст дар хабарнома аз фурудгоҳи Алмаато.
Бо супориши сарвазири кишвар барои таҳқиқи ин ҳодиса комиссияи вижаи ҳукуматӣ ташкил шудааст. Комиссия аллакай ба ҷои ҳодиса парвоз кардааст.
Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ба хешону пайвандони қурбоншудагон ҳамдардӣ кардааст.
"Ҳамаи он нафароне, ки дар ин қазия айбдоранд, тибқи қонун ҷазо хоҳанд гирифт", - гуфт раисиҷумҳур.
Тибқи иттилои охирин то ин дам дар паи суқути ҳавопаймо, 15 кас ҷон бохт.
Миёни қурбониён шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.