ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Хонум Заҳра Баён Шинворӣ, рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, бо поёни замони сабти шикоёти интихоботӣ, шонздаҳҳазору панҷсад шикоят дар дафтари марказӣ ва дафотири минтақаии Комиссияи шикоёти интихоботӣ сабт шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Раиси комиссияи шикоёти интихоботии Афғонистон афзуд, 2300 маврид шикояти марбут ба ҳавзаи интихоботии Кобул ва 14 ҳазору 200 шикояти дигар дар 39 вилояти Афғонистон ба сабт расидааст.
Шинворӣ бо баёни инки аз имрӯз раванди расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ оғоз шудааст, гуфт, Комиссияи шикоёти интихоботӣ мутааҳҳид аст бо садоқат, бетарафӣ ва бар асоси қонун ба шикоёти сабт шуда, расидагӣ кунад.
Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи якшанбе натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро пас аз се моҳ таъхир эълом кард, ки бар асоси он, тими интихоботии “Давлатсоз” ба раҳбарии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури кунунӣ бо гирифтани бештари ороро ғолиб омадааст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати “Ваҳдати миллии Афғонистон” низ бо касби ҳудуди 40 дарсади оро дар ҷойгоҳ идуввум қарор гирифтааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Гулбиддин Ҳикматёр, Раҳматуллоҳ Набил, Латиф Пидром ва шуморе дигар аз номзадони раёсатҷумҳурии Афғонистон ва ҳамчунин намояндагони маҷлис натиҷаи эълом шударо бархоста аз тақаллуб таъкид карданд.
Онҳо эълом карданд, ки, ки ин натиҷа барои онҳо қобили пазириш нест ва интихобот бояд ба даври дуввум кашида шавад.