ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи мазкур дар деҳаи Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.
Манбаъ меафзояд, кормандони милитсия сокини 47 солаи ин ноҳияиро боздошт намуданд, ки барои қасдан расонидани зарари вазнини ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.
Гуфта мешавад, номбурда рӯзи 24-уми декабри соли ҷорӣ, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар манзили зисташ бо бародари худ вориди муноқиша шуда, бо табар 4-маротиба ба сараш задааст.
Боздошти сокини Рязан, ки як муҳоҷирро кушт ва дуи дигарро маҷрӯҳ кард
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа ҷабридида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Феълан, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.