Интиқоди Раҳмон аз вазъи лоиҳакашӣ дар кишвар ва ташкили сохтори нав

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон во время ежегодного послания к депутатам обеих палат парламента 20 января 2016 года
Эмомали Рахмон во время ежегодного послания к депутатам обеих палат парламента 20 января 2016 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон эълон кард, ки назди КВД “Тоҷинвест” воҳиди алоҳидаи қарордодӣ таъсис дода мешавад

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бо мақсади таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар асоси ашёи хоми ватанӣ ва пешниҳоди онҳо ба сармоягузорон бояд дар назди Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” - и Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ воҳиди алоҳидаи қарордодӣ таъсис дода шавад.

Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур: нақби “Истиқлол” ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон рӯзи 26 декабр зимни иросли паёми солона ба порлумони Тоҷикистон гуфт, вазифаи асосии ин воҳиди сохторӣ омода кардани лоиаҳо доир ба пешниҳоди  зихираву имкониятҳои фаровони Тоҷикистон мебошад.

Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон то ҳол ин гуна ниҳод  вуҷуд надорад. Аммо ӯ ишора кард, ки дар назди ҳар як идораву сохторҳои ҳукумати Тоҷикистон пажуҳишгоҳҳои махсуси лоиаҳакшӣ вуҷуд дорад.

 “Ман ба шумо як мисол меорам. Соли чаҳорум аст, ки аз ҷониби пажуҳишгоҳи назди вазорати нақлиёти Тоҷикистон як лоиҳаро дуруст пешниҳод карда наметавонанд. Ин лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ мебошад. Зиёда аз 600 адад конҳои захараҳои минералӣ эҳё шуда, аммо онҳо фақат ном, дигар чизе нест”,- гуфт раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳар вақте, ки мақомоти Тоҷикистон зимни сафарҳои хориҷӣ ва бизнес форумҳо чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишварҳ бо сармоягузорон доир ба ин ё он соҳа ҳарф мезанем, сармоягузорон мегуянд лоиаҳаро пешниҳод кунед. Аммо ғайр аз танҳо номи лоиаҳа дигар чизе вуҷуд надорад.

“Ба ҳамин хотир, пешниҳод менамоем, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҳамин гуна ниҳод таъсис дода шавад. Тамоми лоиаҳо бояд дар сатҳи олӣ омода гарданд. Баъдан пешниҳод кунен ба сармоягузорони дохиливу хориҷӣ”, - афзуд Президенти Тоҷикистон. 

Лентаи хабарҳо
0