Ҷашнҳои рӯзи 25 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас ЭтвешДень 25 декабря
День 25 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бисту панҷуми декабр дар Ангола ва Мозамбик – Рӯзи оила буда дар Ҷумҳурии халқии Чин ва Тайван Рӯзи Конститутсия таҷлили мешавад

Рӯзи 25 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1983 Миср ва Иордания Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои иқтисодиро ба имзо расониданд.

Соли 1896  дар Милан аввалин рӯзномаи сотсиалистии Италия — "Ба пеш!" («Avanti!»,«Вперед!») нашр шуд.

Рӯзи 25 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009  дар шаҳри Душанбе Нақшаи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо Муассисаи наҷоти атфоли СММ дар бораи амалӣ сохтани барномаи тадбирҳо барои солҳои 2010 – 2015 имзо шуд.

День 23 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 23 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 дар Душанбе шаби эҷодӣ ва рӯнамоии китоби Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло "Рӯ  ба меҳроби Ватан" доир шуд.

Соли 2010 дар фарҷоми ҳамоиши 11–уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Истанбули ҷоизаи созмон дар самти фарҳанг барои дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба олим ва фарҳангшиноси тоҷик Фароғат Азизова супорида шуд.

Соли 2012 дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» баррасӣ гардид.

Соли 2015 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо хабарнигори ТАСС мусоҳиба дода, оид ба асосҳои ҳамкории дуҷонибаи Душанбе ва Маскав сухан кард.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони беҳтарини сол доир гардид.

Соли 2013 ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Ҳиндустон муҳокима карда шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 декабр

  • Дар Ангола – Рӯзи оила.
  • Рӯзи оила дар Мозамбик.
  • Рӯзи Конститутсия дар Ҷумҳурии Халқии Чин ва Тайван.

Рӯзи 25 декабр кӣ ба дунё омадааст

Нусратулло Абдуллоев (1940) – журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Худойназар Асозода (1941) – доктори илми филологӣ, профессор.

Юрий Бахматов (1927)- рассом.

Евгений Бертелс (1890 – 1957) – шарқшинос, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Исмоил Давлатов (1946 – 2000) – доктори илми иқтисод, профессор.

Валентина Ершова (1946)- рассом.

Евгений Замарин (1893 – 1984) – доктори илми кишоварзӣ.

Камол Насрулло (1950) – Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Баҳром Қодиров (1975) – оҳангсоз, мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Абдулоиқ Лақаев (1969)- меъмор-таъмиргар.

Салим Муқимов (1946 – 1982) – актёри театр, сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Назаралӣ Ҳакималӣ (1948) – нависанда.

Виктор Приписнов (1930 – 2004) – доктори илми фалсафа, профессор.

Юрий Пўлодов (1940)- оҳангсоз.

Абдуҳалим Раҳимҷонов (1943)- доктори илми тиб, профессор (Қирғизистон).

Ҳайдар Саидов (1940) – физик, профессор.

Амина Табарова (1958) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бердимурод Турдимуродов (1941) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Маърифат Холиқова (1937) – муназзими овози радио, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Воҳид Шарифов (1922 – 1994) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Эгамназари Соҳибназар (1952)- шоири узбекзабони Тоҷикистон.

Зуҳуриддин Юсуфӣ (1946-2011) – доктори илми химия, профессор.

Лентаи хабарҳо
0