ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори дохиливу хориҷӣ гуфт ҳайати Тоҷикистон бояд то охири моҳи декабри соли равон ё моҳи январи соли 2020 барои ҳалли мушкилоти марзӣ ба вориди Қирғизистон шаванд.
“Масъалаи марз бо Қазоқистон тақрибан 80 дар сад ҳал шуд. Дар масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон мо борҳо бо мақомоти кишвари ҳамсоя мулоқот кардем. Бояд қайд кард, ки кор бо душворӣ ҷараён дорад. Ман ҳар рӯз дар бораи вазъ дар Ботканд пурсон мешавам. Шумо худатон шоҳид ҳастед, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни сокинони маҳалии ин минтақаҳо танишу муноқишаҳо сурат мегирад”, - таъкид дошт Жээнбеков.
Ёдрас мешавем, ки санаи 18 декабри соли равон дар муноқишаҳои марзӣ панҷ сокини Исфара ба ҳисоби Содиқбой Набиев, имомхотиби масҷиди деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ ва хонандаҳои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 64 ин ҷамоат осеб дидаанд.
Ду рӯз қабл, санаи 16 декабр ҳам як чунин баҳси марзӣ миёни сокинони Исфара ва Боткон, рух дода буд, ки сабаби шикаста шудани шишаҳои мошини Умрониддин Сафаров гардид.
Қаблан низ 16 - уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишае рух дода буд. Дар паи тирпарронӣ се смарзбони тоҷик ҷон бохта буд.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карда буданд.
Мақомти Қирғизистон эълон карда, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири нерӯҳои Тоҷикистон низ ба ҳалокат расида буд.
Марзи муштараки кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр гуфта мешавад, ки аз ин ҳисоб то ба ҳол 504 километри он муайян шуда, вале наздик ба 50 % и сарҳади давлатӣ миёни деҳоти ин ду ҳамсоякишвар ҳамчунон номуайян боқӣ мондааст. Чунин номуайянӣ, то ин дам ба рухдоди танишу муноқишаҳо сари тақсими замину об дар марз сабаб шудааст.