Баҳси бегонапарастии занон дар ҷаласаи Рустами Эмомалӣ: супориши раис

© Пресс-служба президента РТМэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бегонапарастии занон, ки ба иддаои бархе мақомдорони тоҷик дар либоспӯшӣ зуҳур меёбад, дар ҷаласаи ахири вакилони шаҳри Душанбе таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар пасманзари хабарҳо атрофи боздошти занони ҳиҷобпӯш дар Душанбе, ҳафтаи равон масъалаи бегонапарастӣ ва таъмини ҳуқуқҳои занон дар ҷаласа таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

Девушки в хиджабах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сайди занони сатрпӯш дар Душанбе: даҳҳо занон боздошт гардиданд

Раёсати Маҷлис, дастур додааст, ки барои пешгирии никоҳи барвақтӣ, фарҳанги бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ ва дигар буҳронҳои номатлуби  иҷтимоӣ миёни занону духтарон чораандешӣ шавад.

Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, дар иҷлосия сохторҳои дахлдор муваззаф шуданд, барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомот дар соҳаи кор бо занон ва оиларо татбиқ намоянд.

Аз ҷумла таъкид гардидааст, ки занону духтарон, махсусан аз оилаҳои осебпазир бо шуғл фаро гирифта шаванд.

“Фароҳам овардани шароит оид ба татбиқи ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат ва ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон, бахусус оилаҳои осебпазир ва тақвияти сатҳи донишу маърифати онҳо, таҳкими муносибати солим дар оила ва муқовимат ба омилҳои парокандасозии он, пешгирии никоҳи барвақтӣ, фарҳанги бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ ва дигар буҳронҳои номатлуби  иҷтимоӣ миёни занону духтарон”, - аз нукоти асосие мебошад, ки раёсати Душанбе барои иҷрои он дастур додааст.

Ба гузориши котибот, инчунин дастур дода шудааст, ки  ҷалби занону духтарон ба корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва аз ҳисоби онҳо омода намудани мутахассисони кордону ташкилотчӣ ва болаёқат тадбирҳои дахлдор амалӣ шаванд.

ВУД ҶТ: овозаҳо дар бораи ҷарима барои ҳиҷобпӯшӣ бепоя аст

Баҳси ин мавзуъ дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз боздошти занони ҳиҷобпӯш ва дағалии мақомдорон нисбати онҳо эрод гирифтанд.  Аммо мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, касеро боздошт накардаанд ва танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шудааст.     

Лентаи хабарҳо
0