Ҳабб дар дохили мандарин: ҳақиқат ё дурӯғ - навор

© Pixabay / Daria-YakovlevaМандарины, архивное фото
Мандарины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоии Узбакистон наворе чарх мезанад, ки дар дохили мандарин ҳабб дарёфт шудааст. ВАО пас аз нашри ин навор ба сокинони Ҷумҳурии Узбакистон ҳушдор додаст, ки аснои хӯрондани кӯдакон бо мандарин эҳтиёткор бошанд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоии Узбакистон давоми чанд рӯз наворе чарх мезанад, ки як мард ба ҳангоми пӯст кардани мандарин дар дохили он ҳабб пайдо мекунад.

Зери ин навор, аксар шаҳрвандони Узбакистон навиштаанд, ки мандаринҳои заҳролудшуда  аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид мешаванд.

Навори мазкур аслан дар Telegram ва WhatsApp паҳн шудааст.

Дар ин навор марде, ки ин навъ меваро пӯст мекунад, аз таркиби он ҳабби ҳаҷман на он қадар бузургро пайдо мекунад.

Зимнан, ВАО ин кишвар сокинони Узбакистонро ҳушдор додаст, ки ҳангоми харид ва истеъмоли мандарин аз эҳтиёт кор бигиранд.

Вале, баъдан маълум шуд, ки ҳамаи ин овозаҳо ва худи навор аз ҳақиқат дур аст.

Бар хабари Sputnik Қирғизистон, ин наворро қаблан сокини Благовешенский Русия нашр намуда буд. Пас аз чанде, як корбари дигари шабакаҳои иҷтимоӣ дурӯғкориҳои муаллифи наворро ошкор ва сабт намуда, пешкаши истифодабарандагони интернет намуд.

Лентаи хабарҳо
0