Нахустин мусоҳибаи Аловатов пас аз пирӯзии калон дар Central Asia's Got Talent - навор

Обуна шудан
Дар интернет чанд рӯз боз навори бозгашти ғолиби озмуни Central Asia's Got Talent Чоршанбе Аловатов чарх мезанад. Ситораи навдурахши осмони санъати тоҷикро дар фурудгоҳ шумори зиёди мухлисон ва ҳаводорони ӯ гарму самимӣ пешвоз гирифтанд

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ғолиби озмуни истеъдодҳои фавқуллода дар ҷодаи санъат Чоршанбе Аловатовро мухлисони сершумор, намояндагони Вазорати фарҳанг ва хабарнигорони зиёд истиқбол гирифтанд.

Чоршанбе Аловатов на конкурсе - Sputnik Тоҷикистон
Соҳиба Давлатшоева дар бораи Чоршанбе Аловатов: "ӯ ифтихори Тоҷикистон аст "

Аловатов пас аз пирӯз шудан дар озмуни мазкур зуд ба ватан баргашт то ғолибият ва дастоварди калони худро бо хешу пайвандон ва мардуми Тоҷикистон қисмат кунад.

Овозхони ҷавонро дар фурудгоҳ бо гулу кафкӯбиҳо пешвоз гирифтанд. Чоршанбеев дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон изҳор намудаст, ки "ғолиб омадан дар озмун на фақат пирӯзии Чоршанбе, балки тамоми мардуми Тоҷикистон аст".

Ӯ бо самимияти зиёд ба ҳамаи ҷонибдорон ва сокинони дохил ва беруни Тоҷикистон барои озовдиҳӣ ва дастгириҳо, изҳори сипос намуд.

Аловатов гуфт, дар даври ниҳоии озмуни Central Asia Got Talent ба кадом забон месарояд

Ҳамроҳи Чоршанбе ҳамчун довари тоҷики ин озмун Аловуддин Абдулло низ ба Тоҷикистон баргашт ва аснои сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки аудиторияи 7-  миллион нафараи  кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷонибдорӣ аз овозхони тоҷик раъй доданд.

Чоршанбе Аловатов миёни 12 иштирокдори даври ниҳоии Central Asia Got Talent дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ғолиби асосӣ дониста шуд.

Овозхони ҷавони тоҷик дар пайи овоздиҳии сокинони Осиёи Марказӣ ғолиби озмуни Central Asia Got Talent ва соҳиби ҷоизаи асосӣ - 10 миллион тангаи қазоқӣ, муодили беш аз 1,6 миллион рубли русӣ эълон гардид.

Лентаи хабарҳо
0