Боздиди Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" аз намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Душанбе

Обуна шудан
Муҷтамаи "Фӯлоди Хуросон", ба унвони бузургтарин тавлидкунандаи фӯлод дар шарқи Эрон, бо ҳадафи муаррифии тавонмандиҳои худ дар заминаи тавлид ва содироти фӯлод дар ин намоишгоҳ бо доир кардани ғурфа, ҳузури фаъол дорад

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ҳасан Асадуллозода , раиси “Ориёнбонк” аз ғурфаи “Фӯлоди Хуросон”, дар намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон боздид кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Хасан Асадуллозода, глава Ориёнбанка - Sputnik Тоҷикистон
Ҳасан Асадуллозода пули табобати Афзалшоҳ Шодиро пардохт намуд

Ин боздиди Ҳасан Асадуллозода, мудири “Ориёнбанк” бо ҳузури Собирӣ, сафири Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳӣ теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз бозаргонони кишвари мизбон анҷом шуд, мудири содироти Фӯлоди Хуросон тавзеҳоти комиле дар бораи зарфияти тавлид ва кайфияти маҳсулот, тавонмандиҳои фурӯш ва содирот, бавижа қобилияти баҳрагирӣ аз новгони таробарии рейлӣ барои содироти маҳсулоти ширкат ба кишварҳои Осиёи Миёна ба боздидкунандагон ироа кард.

Ин намоишгоҳ, ки аз 30 озар гушоиш ёфтааст, ба муддати 4 рӯз барпост ва садҳо ширкати тавлидӣ ва иқтисодии Эрон дар он, тавонмандиҳои худ ва қобилиятҳои тавсеаи тиҷорат бо кишварҳои Осиёи Миёнаро муаррифӣ мекунанд.

Бояд қайд кард, ки дар намоишгоҳи мазкур, илова бар намоиши маҳсулоти истеҳсолии Эрон, тоҷирон ва сармоягузорону ширкатҳои эронӣ ва Тоҷикистон фурсати муносибе барои гуфтугӯ ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузории муштарак хоҳанд дошт.

Ёдрас мешавем, ки охирин намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар моҳи маи соли 2017 баргузор шуда буд, ки дар он беш аз 20 ширкати эронӣ ширкат карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0