Ожонсии омор: пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

© © SputnikМолодая пара выясняет отношения
Молодая пара выясняет отношения - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонсии омори назди Президенти Тоҷикистон аз афзоиши пошхӯрии оилаҳо дар ҷумҳурӣ хабар дод. Дар нӯҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон ақди никоҳи 9360 олиа бекор карда шуд.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии омори назди Президенти Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли равон дар тамоми ҷумҳурӣ 54 ҳазору 909 никоҳ  ба қайд гирифта шуд ва аз ин ҳисоб 9360 никоҳ бекор гардидааст.

Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии раиси вилояти Хатлон аз ҷудошавии оилаҳо

Тибқи иттилои манбаъ ҷудошавии оилаҳои ҷавон нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  наздик ба 1077 адад  зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.   

Дар ҳамин ҳол, сомонаи рӯзномаи “Фараж” хабар додааст, ки   дар Тоҷикистон аз тарафи ниҳоди дахлдор барномаҳо тарҳрезӣ мешаванд, семинару тренингҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иқдомҳои дигар сурат мегиранду тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, аммо вазъият ҳамоно тағийрнопазир боқӣ мемонад.

Мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Сабоҳат Маҳмадалиева дар суҳбат ба ҳамин сомона таъкид кардааст, ки агар ҷавоноҳо ба қароре оянд, ки ба оиладорӣ омодаанд, пас бо муҳаббат эҳтиром ва таҳаммулпазирӣ низ мусаллаҳ бошанд ва расму русуми  хонаводаи дигарро бипазиранд.

Коршинос Сабоҳат Маҳмадалиева ба ин бовар аст, ки агар хонаводаи имрӯзаи тоҷик дар асоси  санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, кодекси оила, консепсисяи рушди оила дар чорчӯбаи муайян барпо шавад, эҳтимол доард пошӯрии оилаҳои ҷавон низ коҳиш ёбад.

Лентаи хабарҳо
0