ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар аввалин мусобиқаи Гранд Слами Осиё дар риштаи бокс сазовори ду медали нуқра шуданд, хабар додаст Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ афзуд, мусобиқа 18-22 декабр дар шаҳри Сиамени Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гашт.
“Дар он варзишгарон аз 11 давлат - Австралия, Ҳиндустон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Филиппин, Сингапур, Тайланд, Тоҷикистон, Тайпейи Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат карданд”,- омадааст дар иттилоия.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки қувваозмоиҳо аз рӯи 13 вазни олимпӣ – 8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон сурат гирифт.
Дар ҳайати Тоҷикистон Наврӯз Ҷафоев дар вазни 81 кило миёни мардҳо ва Фарида Самиева дар вазни 51 кило миёни бонувон сазовори медали нуқра гардиданд.