ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Жеенбеков ҳамсари афсари кушташуда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфта, бо изҳори ҳамдардӣ медал ва маблағ додааст, гузориш дод Sputnik Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки афсари кушташуда дар ҳифзи Ватан қаҳрамонӣ нишон додааст ва Ҳукумати Қирғизистон ба оилаи ӯ 2 миллион сом барои хариди хона ҷудо кардааст.
Муъминов 16 сентябри соли равон дар пайи як даргирӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон кушта шуд.
Дар пайи тирпаронии бегоҳии 16 - сентябр дар ҳудуди марзии Тоҷикистону Қирғизистон се марзбони тоҷик - подполковник Рустам Убайдуллоев ва ду сарбози қаторӣ - Рамазон Исломов ва Илёсиддин Субҳонов кушта шуданд.
Расулзода ва Абилғозиев ба эътидол овардани вазъ дар марзи ду кишварро баррасӣ карданд
Мақомоти тоҷику қирғиз дар ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам карда буданду барои таҳқиқи мунсифона созиш карданд, аммо то ҳол дар бораи муҷозоти гунаҳкорон хабаре нашр нашудааст.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 976 километр марзи муштарак доранд, ки наздик ба 50 дарсади он, ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.