ТВ “Варзиш” коргар меҷӯяд

© Sputnik / Амир ИсаевЖурналист, архивное фото
Журналист, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муассиаи давлатии телевизиони “Варзиш” барои ишғоли 8 ҷои кори холӣ дар ин муассиса озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Телевизиони “Варзиш” иттилоъ додааст, ки бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав ва нафарони боистеъдод, озмун барои ишғоли вазифаҳои холӣ мегузаронад.

Озмуни беҳтарин соҳибкори соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Киҳо соҳибкори беҳтарини соли 2019 эълон шуданд? - акс

Ин шабака дар феҳрасти ҷойҳои корие, ки интизори довталабонанд, мақомҳои сардори шуъбаи тиҷорат ва реклама, сармуҳаррир, муҳаррири варзида, муҳаррири хурд, муҳандис-танзимгар, наворбардор, равшангар ва ронандаро ном бурдаст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки аз довталабон таҳсилоти олӣ, дониши хуб дар риштаи варзиш, маҳорату малакаи суханварию наттоқӣ, хабарнигорӣ, таҳияву тадвини барномаҳо ва таҷрибаи хуби корӣ талаб карда мешавад.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15 январи соли 2020 муқаррар шудааст.

“Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (Резюме/CV) ба суроғаи info@varzishtv.tj ё тавассути бахши “Кор дар ТВ “Варзиш”-и сомонаи www.varzishtv.tj пешниҳод намоянд. Довталабони беҳтарин барои суҳбати касбӣ даъват карда хоҳанд шуд”, - омадааст дар иттилоияи телевизиони Варзиш.

Ин шабака ҳаҷми маошро ироа накардааст, аммо таъкид намудааст, ки барои иттилои бештар  хоҳишмандон метавонанд тариқи телефони 2219064 дар тамос шаванд.

Лентаи хабарҳо
0