Қарори Ҳукумат барои ташкили Қасри ҷумҳуриявӣ дар Данғара бо 155 коргар-акс

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон бо аҳли хонавода ва мақомдорони тоҷик дар Қасри фарҳанги Данғара
Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли хонавода ва мақомдорони тоҷик дар Қасри фарҳанги Данғара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки дар ноҳияи Данғара муассисаи давлатии нави сатҳи ҷумҳуривӣ бо 155 коргар ташкил шавад

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи ноябр имзо кард,  муассисаи давлатии Қасри ҷумҳуриявии фарҳангии Данғара таъсис дода мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон теъдоди кормандони Қасри фарҳанги Данғараро 155 нафар муқаррар карда, таъкид намудааст, ки маблағгузории фаъолияти Қаср аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ таъмин карда шавад.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонҚасри фарҳанги Данғара
Қарори Ҳукумат барои ташкили Қасри ҷумҳуриявӣ дар Данғара бо 155 коргар-акс - Sputnik Тоҷикистон
Қасри фарҳанги Данғара

Вазорати молия вазифадор шудааст, ки ҳамасола барои фаъолияти пурсамари Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара маблағгузориро пешбинӣ кунад.

Бинои муҳташами Қасри фарҳанги Данғара моҳи сентябри соли равон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли оилааш ифтитоҳ шуда, дар он инчунин осорхонаи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, қасри мазкур аз се ошёна иборат буда, масоҳати 12 230 метри мураббаъ майдони атрофи қаср кабудизор карда шуда, дар ҳаҷми 3560 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпуш гардид.

Лентаи хабарҳо
0