Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаннок"

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронандаи худрави "Хова", сокини ноҳияи Рашт дар паи бархӯрд бо автомашинаи "Мерседес Бенс" ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз садамаи нақлиётии маргбор дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаннок" хабар медиҳад.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садама дар Душанбе: ҳалокату ҷароҳати мӯйсафедон аз Лахшу Тошканд

Гуфта мешавад, ки ҳодиса нохуш рӯзи 20-уми декабри соли 2019, тахминан соати 04:30-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.

Садамаи маргбор дар Ёвон: ронандаи “ГАЗ-53” ба чуқурии 700 метр чаппа шуд

Тибқи иттилои ин ниҳод, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хова», Шарифов Саймуддин Наимович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, чаппа шуда, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда, Муъминов Мирзомақсуд, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст.

"Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хова”, Шарифов С.Н. ва мусофираш, Ҳакимов Ҷамшед Тоирович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, мутаассифона ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, Ҳакимов Ҷ.Т. ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0