Муштзанҳои тоҷик аз Қазоқистон ду медали тилло оварданд

Обуна шудан
Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Мирзомуҳаммад Бахтиёр ва Шаббос Негматуллоев дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи мураббии хизматнишондодаи Қазоқистон Галим Жарилганов ду медали тилло ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Мусобиқа 17-21 декабр дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон бо иштироки варзишгарони Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Россия, Муғулистон, Чин, Финландия, Узбакистон аз рӯи 13 вазни олимпӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) сурат гирифт.

Таджикский боксер Мехрубон Сангинов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муштзани шикастнадидаи тоҷик дар Мексико ба майдон мебарояд

Бахтиёри Мирзомуҳаммад дар вазни 75кг бар варзишгарони Қазоқистон (Бекболат Абдукарим, Ерсултан Советов), Руссия (Артур Захаренко) ғалаба карда, ба финал роҳ ёфт. Дар қувваозмоии ниҳоӣ бар намояндаи дигари кишвари мизбон Беринбай Нуримбетов пирӯз гардида, ҷои аввалро ишғол кард.

Мавзуна Чориева 4 муштзани тоҷикро ба Қаҳрамонии ҷаҳон бурд

Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг сазовори медали тилло шуд. Ӯ то ба зинаи ифтихорӣ баромадан бар Баҳром Фозилов (Узбакистон), Денислом Абдешов, Жанилбек Картбоев ва Эркебулан Акимбай (ҳар се аз Қазоқистон) ғалаба кард.

Ду варзишгари дигари мо Шуҳрат Сабзаалиев ва Дилшод Оқилов (52кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0