Дастури Раҳмон ба масъулини Хатлон: бо нафақахӯрон хуб муомила кунед

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор кардааст, ки бо бознишастагон хуб муомилаву муоширати кунанд , зеро ин гурӯҳи аҳолӣ бештар аз дигарон муҳтоҷи ғамхорианд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Рӯзи 21 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз бозгашт аз Русия, ба мақсади ошноӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ, ифтитоҳи иншооти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар идораву муссисаҳои нав ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафар кард.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.  Айни замон дар ноҳия 8231 нафар нафақагир ба сар мебаранд ва хизматрасонӣ ба онҳо тариқи корти бонкӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат бо шароитҳои кории иншооти нав шинос шуда, бо кормандони он суҳбат кардааст.

"Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор кардааст, ки барои расонидани хизмати саривақтиву босифат ба нафақагирону маъюбон ва шахсони барҷомонда чораҳои зарурӣ андешанд. Муомилаву муоширати хубро бо онҳо дар мадди аввал гузоранд, зеро ин гурӯҳи аҳолӣ бештар аз дигарон муҳтоҷи ғамхорианд ва зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд", - омадааст дар хабарнома.

Бинои нав чигуна аст?

Тибқи иттилои манбаъ, бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати бештар аз 2800 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ваъда дод: дар Тоҷикистон музди кор, нафақа ва стипендия то 15 дар сад боло мешавад

Лоиҳаи иншоот бо дарназардошти талаботи замони муосир тарҳрезӣ гардида, дар он шароити зарурии фаъолият фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар иншоот 6 ҳуҷраи корӣ бунёд ёфта, ошёнаи якуми бино барои қабули шаҳрвандон пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳамаи утоқҳо дастгоҳ ва аёниятҳои корӣ насб гардида, бо компютер ва хати баландшиддати интернет таъмин мебошанд. Чунин шароит минбаъд имконият медиҳад, ки дархосту аризаи шаҳрвандон сари вақт қабулу баррасӣ гарданд.

Таҳхонаи бинои навбунёд барои бойгонӣ пешбинӣ гардида, дар он ҳуҷҷату санадҳои нафақагирон нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамчунин дар бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои баргузории ҷаласаву ҳамоишҳо толори хурди муҷаҳҳаз бунёд ёфтааст.

Намои берунаи бинои мазкур низ бо санъати баланди меъморӣ бунёд ёфта, гирду атрофи он бо гулу буттаҳои рангоранг оро ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0