Даҳшат: сокини 18 солаи Ҳисор модар ва ду бародарашро корд зад ва сипас сӯзонд

© Sputnik / Амир ИсаевМузей Гиссарского заповедника
Музей Гиссарского заповедника - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин амали нангинро ҷавонписари тақрибан 18 - сола, сокини ноҳияи Ҳисор содир намуда, пас аз корд задани модар ва ду бародар ҷисми беҷони онҳоро дар дохили ошхона оташ зад

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Ҳисор ҷавони тақрибан 18 - сола модар ва ду бародари худро бо корди говкушӣ ба қатл расонда, сипас ҷасадҳояшонро оташ задааст, хабар медиҳад сомонаи Oila.tj.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Куштор: марди 53-сола дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро буғӣ кард

Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса  ҳафтаи равон аз ҷониби ҷавонписар ба хотири маблағ ба вуқӯъ пайвастааст.

"Падарандари Юсуф дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Писарбача ба маблағ сахт этиёҷманд будааст ва дар натиҷаи рад шудани дархосташ ғазабӣ шуда, модар ва ду бародарашро бо корд кушта, аз хона баромада рафтааст", - омадааст дар хабар.

Қазияи Ҳувайдои 5-сола: даст доштани Сёмин ба куштор исбот шуд, вале айбдорияш не

Пас аз як рӯзи баргашт ҷасади пайвандонашро дар ошхонаи манзилашон оташ задааст. Бо ин восита хостааст, ҷиноятро пинҳон нигоҳ дорад. Вале, ҳангоми таҳқиқи ҳодиса ҷиноят аз ҷониби шӯъбаи ташхиси шаҳри Ҳисор ошкор гардид.

Як нафар аз шӯъбаи ташхиси шаҳри Ҳисор хабари мазкурро ба сомонаи Oila.tl тасдиқ карда, зикр намудааст, ки аз рӯйи ҷасади нимсӯхтаи маҳрумон муайян шуд, ки онҳо бар асари корзанӣ кушта шудаанд. Ҷасадҳои кушташудагон дар деҳаи Арбобии шаҳри Ҳисор ба хок супорида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0