ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохила, дар бораи ҳодисаи дуздӣ ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан марди 61-сола муроҷиат кардааст.
Ноболиғ ҳамёни сокини Душанберо, ки дар кӯча бо фарзандаш машғули бозӣ буд, дуздид
Бино ба гузориши ин ниҳод, сокини ҷамоати деҳоти Гули-Сурхи ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки рӯзи 17-уми декабри соли 2019, тахминан соати 14:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз болои мизи савдояш, воқеъ дар бозори марказии шаҳри Истаравшан 9 ҳазору 700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Пулҳои сокини Восеъ, ки ба бонк бовар накарда дар сандуқ нигоҳ дошт, тӯъмаи дузд шуданд
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 23-солаи сокини шаҳри мазкур бо гумони даст доштан дар содир намудани кирдори дуздӣ, дастгир карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.