Ағбаи Камчик бинобар хавфи фаромадании тарма масдуд шуд

© © Sputnik/ СтрингерПеревал "Камчик", архивное фото
Перевал Камчик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Узбакистон бинобар номусоид будани боду ҳаво дар ҷумҳурӣ вазъи изтирорӣ эълом намуда буд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар вилояти Тошканд муваққатан масире, ки сӯи ағбаи Камчик мебарад, бинобар хавфи фаромадани тарма масдуд гардид, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Узбакистон.

Самолет Сухой Суперджет SSJ100 - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи Ростов лаби Дон халабон ба ҳалокат расид

Манбаъ меафзояд, ки дар масири мазкур хавфи фаромадани тарма мавҷуд аст, ва бинобар таъмини амнияти сокинон равуойи мошинҳо тариқи ағбаи Камчик масдуд карда шудаст.

"Ҳаракати васоити нақлиёт дар километри А-373 бинобар хавфи фаромадани тарма баста шудаст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, барои ронандаҳое, ки ҳоло дар ағбаи мазкур қарор доранд нуқтаҳои махсусе ҷой додаанд, ки ронандаҳоро ба он ҷо барои гармшудан ва аз хатар эъмин нигоҳ доштан, интиқол медиҳанд.

Раисҷумҳури Сербия Александр Вучичро оҷилан ба беморхона интиқол доданд

Маврид ба зикр аст, ки рӯзи панҷшанбе Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода барои ду рӯзи истироҳатӣ вазъи изтирорӣ эълон намуда буд.

Чун ба якборагӣ дамои ҳаво сард гардид ва ҳамзамон хунукии шадид аз ҷониби Туркманистон низ ба Узбакистон омадаст.

Ағбаи Камчик ягона масир мебошад, ки қисмати шарқии водии Фарғонаро ба водиҳои дигари Узбакистон васл мекунад.

Лентаи хабарҳо
0