“Қасдан андоз намесупоранд”: мақомоти қудратӣ даст ба кор мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевВывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Прокуратураи шаҳри Хуҷанд алайҳи 5 роҳбари ширкат ва соҳибкори инфиродӣ ба иттиҳоми саркашӣ ва дигар ҷиноёти марбут ба андоз парвандаҳои ҷиноятӣ боз кардааст

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Бино ба иттилоияи дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд, ин нукта дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд бо ҳузури раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ва раҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нозироти андоз, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар масъулин зикр шуд.

Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Президент мухолиф буду ахиран розӣ шуд: қарори Ҳукумат дар бораи кормандони андоз

Дар ҷаласа вазъи иҷрои пардохти саривақт ва пурраи андозҳо, сабабҳои афзоиши бақияи андоз, дарёфти манбаҳои нави андозбандӣ ва кам кардани бақияи қарзи андоз дар 11 моҳи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Авазҷон Назарзода, прокурори шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон раиси Шӯро, гуфт, прокуратураи шаҳр дар ин муддат барои пардохти қарзи андоз ба 51 андозсупоранда амр содир кардааст, ки дар натиҷа зиёда аз 6 млн. сомонӣ ба нафъи буҷа ситонида шудааст.

Вакилони мардумӣ ва масъулини Ҳукумат иҷро нашудани буҷаро баррасӣ карданд

Авазҷон Назарзода аз як қатор роҳбарони идораву муассисаҳои шаҳр, аз ҷумла донишгоҳҳои Ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва сиёсат (ДҲБСТ) ва Иқтисоду савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДИСДТТ), бонкҳои “Эсхата”, “Матин”, “Арванд, “Имон интернешнл” ва корхонаи муштараки “Ҷавонӣ” барои “масъулияти баланду риояи фарҳанги андозсупорӣ” сипосгузорӣ ва аз роҳбарони як идораву ширкатҳои хусусӣ, ки саривақт андозро насупурдаанд, назири ширкатҳои "Мунис", "Роҳи Хуҷанд", "Телефон", "Тоҷиктелеком", "Садаф" ва ғайра интиқод кард.

Вай бидуни мушаххас кардани номи ширкату ашхоси алоҳида гуфт, ки мақомоти прокуратура алайҳи 5 роҳбари ширкат ва соҳибкори инфиродӣ ба иттиҳоми саркашӣ ва дигар ҷиноёти марбут ба андоз парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда, таҳқиқ идома дорад.

Пас аз барканориҳо дар Бадахшон: Кумитаи андоз коргар меҷӯяд

Прокурори шаҳри Хуҷанд сабабҳои асосии пайдоиши қарзи андозҳоро саривақт насупоридани онҳо аз сӯи андозсупорандагон, бо ин сабаб зиёд шудани маблағи фоизҳо унвон карда, масъулини мақомоти андоз ва ҳокимияти шаҳрро барои истифода набурдани механизмҳои қонунгузорӣ ва камфаъолиятӣ муқассир донистааст.

“Ҳамчунин, аз тарафи баъзе соҳибкорони бемасъулият танҳо бо мақсади гирифтани даромади муфт бо роҳи пинҳон кардани манбаи андозбандшаванда қасдан аз пардохти андоз саркашӣ намуда, даст ба ҷиноят мезананд, ки ин низ боиси зиёд шудани бақияи қарзи андоз гардидааст”, - гуфт прокурори шаҳри Хуҷанд.

Тибқи иттилои прокуратураи шаҳри Хуҷанд, то 1 декабри соли равон аз 559 миллиону 586 ҳазор сомонӣ нақшаи даромади буҷаи шаҳр аз андоз 90,4%, ё 505 миилону 808 ҳазор сомонӣ (53 миллиону 777 ҳазор сомонӣ кам) ҷамъоварӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0