ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Муҳаммадҷон, корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки тавбаро чӣ гуна мекунанд.
Шӯро посух додааст, тавба се шарт дорад, ки якум шахс аз гуноҳ пушаймон шавад, дуюм аз гуноҳ худдорӣ кунад ва сеюм қасди бозгашт ба он гуноҳ накунад.
“Тавбаи инсон вақте дуруст мешавад, ки ҳамаи шартҳои он ба ҷо оварда шавад. Яъне аз гуноҳи худ комилан пушаймон гардад, аз гуноҳ даст кашад ва тасмими қатъӣ гирад, ки ҳаргиз дигар он гуноҳро такрор накунад”, - тавзеҳ додаст Шӯрои уламо.
Ин ниҳод таъкид намудааст, вақте инсон аз гуноҳаш сидқан тавба кунад, умед аст, ки тавбааш пазируфта шавад, зеро Худованд ба Расулаш (с) хитоб карда, мефармояд:
“Бигӯ: “Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Ҳар оина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст”, - иқтибос оварда шудаст аз сураи “Зумар”.
Шӯрои уламо илова намудааст, ки дар ҳадиси шариф Расули акрам (с) фармудаанд, “тавбакунанда аз гуноҳ ба мисли ин аст, ки ҳаргиз гуноҳе накардааст”. Худованд ба ҳамаи бандагони гунаҳгор тавфиқи тавба ато намояд ва ба роҳи рост ҳидоят фармояд, хулоса кардааст Шӯрои уламо.