ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар шаҳри Минск 16 - умин мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд - 2020" доир мегардад ва мунтахаби наврасони зери синни 16 - сола низ дар он иш8тирок мекунанд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 19 то 25 уми январ дар шаҳри Минск баргузор мешавад.
Барои ба даст овардани ҷом 8 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон то 2003 талош мекунанд. Бар асоси қуръакашии мусобиқа мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои Исландия, Исроил ва Гурҷистон ба гурӯҳи “В” ворид шуданд.
Гурӯҳи “А” аз дастаҳои Белорус, Белгия, Финландия ва Узбакистон таркиб ёфтааст.
Омодагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои бозӣ бо тими Аргентина
Тибқи низомнома дастаҳо дар гурӯҳ дар як давр бозӣ мекунанд, сипас ғолибони гурӯҳ ба финал роҳхат мегиранд.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳ ҷои дуюмро ишғол менамоянд, барои медали биринҷӣ талош мекунанд. Ҳамчунин, бозиҳо барои ишғоли ҷойҳои 5-8 доир мегарданд.
Мусобиқа барои тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.