ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ба президенти Федератсияи Русия дар бораи тирпарронӣ дар Лубянка гузориш доданд, гуфт сухангӯи Владимир Путин - Дмитрий Песков.
"Ба Путин дар бораи қазияи Лубянка гузориш доданд", - гуфт Песков.
Ёдрас мешавем, ки дар кӯчаи Лубянкаи шаҳри Маскав дар назди бинои Хадамоти федералии амният – “ФСБ” марде аз автомати Калашников оташ кушод.
Ӯ дар назди бинои “ФСБ” аз автомат тир кушода, дар як бино камин гирифта, тирпарониро идома додааст.
Дар паи ин ҳодиса, бар асоси иттилои тасдиқнашуда, як корманди мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расида, се нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Мақомоти Русия мардро пас аз як соат боздошт кардааст.
Дар шабакаи интернет наворҳо аз макони тирпарронӣ нашр шудаанд, ки дар он фарёдзании мардум ва садои тирпаронӣ шунида мешавад.
Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.