Интиқоли ғайриқонунии сомонӣ дар зиндони Русия ошкор шуд

© сомонаи Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии МордовияСомонӣ - пули миллии Тоҷикистон
Сомонӣ - пули миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти иҷрои ҷазои ҷумҳурии Мордовия ҳолати интиқоли ғайриқонунии сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон ба зиндони ин ҷумҳуриро таҳқиқ мекунанд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дар ҷумҳурии Мордовия аз ҳолати ошкор шудани интиқоли ғайриқонунии пули миллии Тоҷикистон ба зиндони рақами 17 хабар дод.

Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Қабули ҷазои нав барои интиқоли нодурусти пул: мусодира мешавад

Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ имрӯз бо нашри як иттилоия гуфт, зимни тафтиши бағоҷе, ки ба маҳкумшуда ба 9 соли зиндон равона шуда буд, 2 симкорт ва 10 адад пули сомонӣ ошкор карда шудаст.

Манбаъ таъкид кардаст, ки бағоҷи мазкурро як сокини Маскав ба маҳкумшуда фиристодаст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 341 маошхӯр дорад

“Ду симкорт ва 10 воҳиди пули миллии Тоҷикистон хеле моҳирона дар кисаи бағоҷ пинҳон шуда буданд, аммо зимни санҷиш ошкор шуданд”, - омадааст дар иттилоияи мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноии Мордовия.

Манбаъ таъкид кардааст, ки феълан аз рӯи ин ҳолат санҷиш идома дорад. Ҳадафи фиристодани пули сомонӣ ба зиндони Русия шарҳ дода нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0