Барканории чанд мақомдори соҳаи тандурустӣ дар Хатлон пас аз ҳалокати 14 зани ҳомила

© Pixabay / Chokniti KhongchumВрач в клинике
Врач в клинике - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз авоили соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон бар асари таваллуди фарзанд дасти кам 14 зан ҷони худро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар вилояти Хатлон аслои таваллуди фарзанд 14 зан ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".

Родильный дом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даҳшат: дар Қазоқистон бинобар дарёфти ҷасади навзод аз яхдон, дари зоишгоҳро бастанд
Манбаъ аз қавли сардори Раёсати тандурустии ин вилоят Раҷабзода Мирзовалӣ хабар медиҳад, ки маргу мири 14 зан дар 11 моҳи ахири соли равон сабт гардидаст ва аксари фавтидагон ба ноҳияи Қубодиён рост меоянд.

Ба изҳори Мирзовалӣ танҳо дар ноҳияи Қубодиён 6 нафар занон ба ҳангоми таваллуд фавтиданд, ки дар натиҷа масъулини соҳаи тандурустии ин ноҳия аз мақом барканор карда шуданд.

Пешгирӣ аз ҳамли номатлуб - барномаи нави Вазорати тандурустии Тоҷикистон

"Аз ҷумла сардорони беморхонаи марказӣ, Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сардори Маркази репродуктивии ноҳия аз вазифаҳояшон сабукдӯш шуданд" , - тавзеҳ додаст Мирзовалӣ.

Гузашта аз ин дар ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Ҷалолидини Балхӣ дутоӣ фавти занон  ва дар шаҳри Кӯлоб як ҳолати ҳалокати зани ҳомила ба ҳангоми таваллуд сабт гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0