ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикитсон дар ҷаласаи ин ҳизб, ки бо ҳадафи ироаи рӯйхати довталабон барои ширкат дар интихоботи парлумонии аввали моҳи марти соли 2020 баргузор шуд, аз мақоми худ истеъфо дод.
Олимҷон Бобоев гуфтааст, ки аз сиёсат канорагирӣ мекунад ва дар интихоботи парлумонии соли оянда низ ширкат намекунад, то роҳ барои мушорикати насли ҷавон фароҳам шавад.
Тавре Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикитсон хабар додааст, ба ҷои Олимҷон Бобоев Рустам Қудратов, вакили парлумон аз ҲИИТ, ҳамчун роҳбари нави ҳизб интихоб шуд.
Ҳамзамон, Машраф Файзуллоев муовини аввал ва Ҳайдар Раҳматзода ва Сарвиноз Маҷидова муовинони раиси ҲИИТ интихоб шуданд.
Инчунин дар дар анҷумани ҳафтуми Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки рӯзи 15 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масоили ташкиливу кадрӣ ва рӯйхатти номзадҳои ҳизб ба интихоботи парлумонии рӯзи 1 марти соли 2020 баррасӣ шудаанд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005, дар арафаи интихоботи президентии соли 2006 таъсис ёфт ва аз замони ташкил шуданаш то имрӯз роҳбарии онро доктори илмҳои иқтисод Олимҷон Бобоев бар ӯҳда дошт. Ин ҳизб Бобоевро ду дафъа – дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 – ба номзадӣ пешбарӣ кард ва дар ду интихоботи парлумонии солҳои 2010 ва 2015 иштирок кард. Олимҷон Бобоев як муддат дар мақоми вазири нақлиёти Тоҷикистон низ кор кард.
Ба гуфтаи масъулини Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикитсон, ин ҳизб тақрибан 20 ҳазор узв дорад.