Сокини Спитамент, ки дар Сурия дар сафи ҷангиёни ДОИШ ҷангид ба 15 соли ҳабс маҳкум шуд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкЗаключенный в исправительной колонии, архивное фото
Заключенный в исправительной колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Спитамен сокини маҳаллиро барои шомил шудан ба сафи ҷангиёни ДОИШ ва иштирок дар набарди мусаллаҳона дар Сурия ба 15 соли ҳабс маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Сатимов Шӯҳратҷони 31 - сола ба он муттаҳамм мешавад, ки дар сафи ҷангиёни  Давлати ба ном исломӣ дар Ироқу Сурия ҷанг карда буд.

Пострадавший от удара стихии лагерь беженцев Абу-Мазен в поселении Барэльяс в долине Бекаа - Sputnik Тоҷикистон
Бояд шаҳид мешудам: нақли навраси тоҷик аз урдугоҳи Сурия

Ба иттилои дафтари матбуоти Додситони кули Тоҷикистон, номбурда зода ва сокини ноҳияи Спитамен буда, аввалҳои моҳи октябри соли 2013 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия рафтааст.

Мансабдори қирғиз: террористон дар марзи Тоҷикистон зиёд мешаванд

"Дар он ҷо бо даъвати шахсони номаълум ба гурӯҳи ифротгаро шомил шуда, бо мақсади ғайриқонунӣ иштирок кардан дар амалиётҳои мусаллаҳона тайёрӣ дида, охири моҳи марта соли 2015 ба шаҳри Москав ба назди Эрматов Муродҷон рафта, хоҳиши иштирок кардан дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷиро намуд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, Сатимов ҳамроҳи Эрматов барои кавӣ гардонидани андешаҳои ифротгаронаи худ ва дар амал татбиқ кардани он,  ба Ҷумҳурии Сурия ва Ироқ сафар карда, дар ҳудуди ин давлатҳо дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятии "Давлати исломӣ" дар ҷангҳои таҷовузкорона иштирок намуданд.

Аслов аз ҳалокати занону кӯдакон дар ҳамла ба постгоҳи Ишқобод гуфт

Зимнан соли 2015 сол аз тарафи прокуратураи ноҳияи Спитамен нисбати Сатимов бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати номбурда кофтуков эълон гардид ва соли  2019 сол  Сатимов  дастгир карда шуда.

Бо ҳукми суди ноҳияи Спитамен, Сатимов барои содир намудани ҷинояти мазкур ба мӯҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум гардида, дар  муассисаи низомаш пурзӯр нигаҳдорӣ хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0