Садамаи маргбор дар Ёвон: ронандаи “ГАЗ-53” ба чуқурии 700 метр чаппа шуд

© саҳифаи интернетии ширкати IRSМошини газкаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба дарё сарозер шуд
Мошини газкаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба дарё сарозер шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари чаппа шудани мошин ба чуқурии 700 метр дар ҳудуди ноҳияи Ёвон сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Вазорати умури дохили Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуш дар роҳ хабар медиҳад.

Навори ду садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳҳои Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
ВУД навори ду садамаи маргбори нақлиётиро нашр намуд

Бино ба гузориши ин ниҳод, роннадаи мошини “ГАЗ-53” дар паи афтодан ба чуқурӣ мошинро чаппа карда дар натиҷа ҷон бохтааст.

Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”

Тибқи иттилои ВКД, ҳодиса рӯзи 16-уми декабри соли 2019, тахминан соати 07:00 ба вуқӯъ пайвастааст.

Манбаъ афзуда, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53”, Каримов Эмин Юнусович, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи Гулзори ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар заминҳои деҳаи Эшонободи ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии зиёда аз 700-метр чаппа шудааст.

"Дар натиҷа, ронанда Каримов Э.Ю. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0