ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Нимпайкараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар назди Донишгоҳи ба номи Ломоносов қомат афрохт, хабар медиҳад сомонаи Tajikistantimes.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳ ректори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В Ломоносов В.А.Садовничий, директори Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Африқо И.И. Абилгазиев, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Руссия Маҳдӣ Саноӣ, Мушовир-намояндаи ваколатдори муваққатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Федератсияи Русия Моҳтоат Ҳумоюн, Мушовири сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Шараф Раҳимов, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Азми Русия ва қарори Рустам Эмомалӣ: дар Душанбе муҷассамаи Пушкин гузошта мешавад
Ректори Донишгоҳи мазкур дар рафти суханронияш гуфт, ки "имрӯз рӯзи хуб аст, ид аст. Сафири фавқулодда ва ваколатдори Эрон дар Русия Маҳдӣ Саноӣ бинобар ба итмом расидани мӯҳлати намояндагии дипломатиаш дар Маскав ҳайкали шоири барҷаста Рӯдакиро ба Донишгоҳи Маскав тақдим кард".
Ба гуфтаи вай, "Падари шеъри форсӣ" дар ташаккули фарҳанги тамоми минтақа нақши бузург бозида ва миллатҳою фарҳанги минтақаро муттаҳид кардааст. Шеърҳои Рӯдакӣ ҷовидонаанду барои халқ ва тамоми фарҳанги ҷаҳонӣ муҳим мебошанд.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар маркази пойтахт нимпайкараи Александр Сергеевич Пушкин низ қомат афрохта буд. Ифтитоҳи нимпайкараи ин ходими машҳури Русия дар назди бинои марказии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону - Русия ботантанаи баргузор шуда буд.
Муҷассамаи хотиравӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия омода гардида, сипас ба Душанбе интиқол ёфт.