Мавқеи Сомон ва Комроншоҳ дар радабандии ҷаҳонӣ як зина поён шуд

© Международная федерация дзюдоТаджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления
Таджикский дзюдоист стал третьим на турнире в Японии и подвел итоги выступления - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақоми Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳи Устопириён дар радабандии ҷаҳонии дзюдо як зина поён фаромад

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik.  Федератсияи байналмилалии дзюдо пас аз натиҷагирии мусобиқаи ситораҳои дзюдо дар Қингдаои Чин радабандии нави ҷаҳон ва олимпиро нашр кард, хабар медиҳад Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон.

Комроншо Устопириён завоевал золото Гран-при Анталии-2018  - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикона ва бо ғайрат: Мақоми 5-уми Комроншоҳ дар "Мастерс"

Ба иттилои манбаъ, Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни 90кг дар мусобиқаи мазкур ҷои панҷумро ишғол намуд, аз ҷои 35-ум ба зинаи 22-юми радабандии олимпӣ баромад. Вале дар радабандии ҷаҳон як зина паст  аз ҷои 18 ба 19 фаромад.

Як-ду иштибоҳ кардам: "иқрор"-и Комроншоҳ дар бораи чанд ғалат дар Қаҳрамонии Осиё

Темур Раҳимов дар вазни +100кг ду зина боло шуда, дар ҷои 22-юм мавқеъ гирифт. Ӯ дар мусобиқаи Қингдао дар даври аввал пирӯз гардида, дар даври дуюм мағлуб гашт. Мавқеаш дар радабандии ҷаҳон як зина боло шуд – аз ҷои 27 ба ҷои 26.

Мавқеи Хоҷазода Беҳрӯз, ки низ як ғалаба ба даст овард, тағйир наёфт. Ӯ мисли пешин дар ҷои 19-ум аст. Дар радабандии ҷаҳонӣ низ мавқеаш дар ҷои 20-ум бетағйир монд.

Сомон дар радабандии ҷудо дар мақоми 12 қарор дорад

Сомон Маҳмадбеков  бошад, ки низ як пирӯзӣ ба даст овард, як зина паст рафт аз ҷои 12 ба 13. Дар радабандии ҷаҳон низ як зина паст шуд аз ҷои 17 ба ҷои 18.

 Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон
Сомон ва Беҳрӯз аз идомаи рақобат маҳрум шуданд

Бо ҳамин, мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо дар соли 2019 ба анҷом расид. То анҷоми марҳилаи интихобии олимпӣ 1 июни соли 2020 9 мусобиқа аз силсилаи сабқатҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо ва чемпионати Осиё оид ба дзюдо ба нақша гирифта шудааст.

Аввалин мусобиқаи соли 2020 Гран Прии Тел Авив мебошад, ки 23-25 январ доир мегардад. Дар ин мусобиқа иштироки 7 варзишгари мо дар назар аст.

Охирин сабқати интихобӣ мусобиқаи ситораҳои дзюдо аст, ки 28-30 май дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад.
1 июни соли 2020 Федератсияи байналмилалии дзюдо радабандии олимпиро нашр мекунад, ки 22 нафари беҳтарини ҳар вазн (бо дарназардошти аз ҳар КМО як варзишгар) ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд

Лентаи хабарҳо
0