Думаи давлатии Русия кори гурӯҳии муҳоҷиронро баррасӣ мекунад

© Министерство занятости и трудовых отношений УзбекистанаТрудовые мигранты возвращаются домой
Трудовые мигранты возвращаются домой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созишнома ҳанӯз17 апрели соли равон дар шаҳри Маскав аз ҷониби кишвардорон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Русия имзо шуда буд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Имрӯз вакилони Думаи давлатии Русия дар нишасти худ масъалаи тасвиби созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ барои кори муваққатӣ дар ФР - ро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад ТАСС.

Тибқи ин санад, мақомоти ваколатдори давлатии Тоҷикистон ухдадоранд, ба шаҳрвандони худ дар бораи имконияти таъмини кор дар Русия бо тартиби ҷалбкунии муташаккилона ва интихоби номзадҳо барои шуғл, ки тибқи талаботи корфармо дорои тахассус ва таҷрибаи зарурӣ, омодагии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос мебошанд, иттилоъ диҳанд.

Дар баробари ин, дар доираи созишнома, дар рӯйхати кофтукови байналмилалӣ ё байнидавлатӣ қарор доштани номзадҳо, инчунин мавҷудияти доғи судӣ нисбат ба онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон санҷида мешавад.

"Татбиқи ин чорабиниҳо ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки мехоҳанд дар қаламрави Русия фаъолият кунанд, таъмин менамояд ва ба таъмини кор барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои дониш, малака ва ихтисоси мутобиқ ба талаботи корфармоёнанд, дар Федератсияи мусоидат менамояд», — омадааст дар санад.

Ёдовар мешавем, ки созишнома 17 апрели соли равон дар шаҳри Маскав аз ҷониби кишвардорон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Русия имзо шуда буд.

Моҳи ноябр Ҳукумати Русия ин созишномаро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард.

Лентаи хабарҳо
0