Рӯзи кории бонкҳо дар Тоҷикистон дарозтар карда шуд

© SputnikОчередь в Амонатбанке в день запуска национальной системы переводов
Очередь в Амонатбанке в день запуска национальной системы переводов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Акнун шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Оғоз аз 11 декабр Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муваззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ то соати 19:00  дароз намоянд. 

Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, иқдоми мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷон, сари вақт гирифтани маблағҳои интиқолӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ роҳандозӣ шудааст.

Ҳамакнун, шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд.

"Хавфи сиёсӣ". Сӯҳбати ихтисосӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон – қисмати аввал

Ёдовар мешавем, ки  низомҳои пардохтии "Юнистрим" ва "Контакт" ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд.

Шубҳа аз “Золотая корона”: сӯҳбати ихтисосӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон – қисмати дуввум

Лентаи хабарҳо
0