Нигаронии мақомоти Хуҷанд аз итоат накардани Ожонсиҳои рекламавӣ ба Ҳукумат

Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд мегӯяд, баъзе аз соҳибмулкони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дағалона меъёрҳои забони тоҷикиро вайрон менамоянд ва Ожонсиҳои рекламавӣ ба Ҳукумат итоат намекунанд

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар мақомоти шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардидааст.

Диктант - Sputnik Тоҷикистон
Санҷиши дониш: номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ аз забони давлатӣ имтиҳон месупоранд

Бино ба гузориши дафтари мақомоти шҳари Хуҷанд, ҷаласаро раиси комиссия Фирӯза Нуруллозода ҷаласаро оғоз намуда масъалаи вазъи номгузории нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, шиору овезаҳо ва пахши барномаҳои телевизионии маҳаллиро ба баррасӣ гузоштааст.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, муовини раиси комиссия Усмонҷон Юсуфӣ дар баромадаш гуфтааст, ки кори комиссия дар соли 2019 ҳарчанд қаноатбахш арзёбӣ гардад ҳам, вале масъалаи тартиби паҳн намудани эълону рекламаҳо ва номгузориҳои нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ташвишовар мебошад.

"То ҳол эълону рекламаҳо бохатогиҳои имлоӣ ва ғайри забони давлатӣ интишор ва паҳн шуда истодааст".

Ӯ афзудааст, ки бо мақсади ба танзим даровардани тартиби паҳн намудани эълону рекламаҳои берунӣ ва тахтаҳои таблиғотии ҳудуди шаҳри Хуҷанд амри раиси шаҳр аз 30.10.2019, №234 “Дар бораи ба танзим даровардани тартиби паҳн намудани эълону рекламаҳои берунӣ ва тахтаҳои таблиғотии ҳудуди шаҳри Хуҷанд” ба тасвиб расонида шудааст.

Бино ба гузориши ин ниҳод, мувофиқи амри мазкур минбаъд тартиби паҳн намудани эълону рекламаҳои берунӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд танҳо бо мувофиқаи роҳбарияти шаҳр ва баъди барасмиятдарории шартномаҳои тарафайн байни Ожонсиҳои рекламавӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии "Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ" -и шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда мешавад.

Председатель Комитета по языку и терминологии при Правительстве Таджикистана Гавхар Шарофзода - Sputnik Тоҷикистон
Ба қоидаи забон боз тағирот ворид мешавад: Кумитаи забон олимону матахассисон кумак хост

Дар ҳолати бе мувофиқаи роҳбарияти шаҳр ва Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истеҳсол ва паҳн намудани реклама, лавҳаи насбгардида бе огоҳии иловагӣ бартараф карда шуда, ҷуброни хароҷоти он ба зиммаи худи ширкат вогузор карда мешавад.

Муроҷиатномаи Кумитаи забон ба мардум дар бораи қоидаҳои нави имло

"Таҳлилҳо нишон додаанд, ки доир ба иҷроиши Амри мазкур аз ҷониби масъулини соҳа корбарӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, баъзе аз Оҷонсиҳои рекламавӣ то ҳол бе мувофиқаи Комиссияи шаҳрӣ рекламаи худро насб карда истодаанд", - омадааст дар хабарнома.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин зикр шудааст, ки номгузории нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ низ беҳбудиро мехоҳад, чун, баъзе аз соҳибмулкони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дағалона меъёрҳои моддаи 18, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро вайрон намуда, номгузориро бо забони ғайритоҷикӣ гузошта истодаанд.

Дар ин росто аъзоёни комиссия қарор қабул кардаанд, ки нисбати роҳбарони Ожонсиҳои рекламавӣ ва соҳибмулкони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ маводҳои дахлдор омода карда шуда, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0