ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Бино бар иттилои “Тоҷикфилм” санаи 15 декабр филми кӯтоҳи “Дӯғоб”-и коргардон Зайнулобиддин Мӯсо дар Кинофестивали ҷаҳонии “Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ” сазовори Диплом гардид.
Манбаъ қайд намудааст, ки дар фестивали мазкур миёни 14 асар Тоҷикистонро филми “Дӯғоб” намояндагӣ намуд.
Давомнокии филми “Дӯғоб” 35-дақиқагӣ буда, муҳтавои он дар бораи зани танҳое қисса мекунад, ки дар як деҳаи дурдаст маҳз бо ҳунармандӣ зиндагии худ ва писари хурдсолашро таъмин менамояд. Ашхоси тамаъҷӯ мехоҳанд зани ҷавонро ба доми худ биёваранд. Аммо бинанда зимни тамошои филм шоҳиди росткорӣ, ишқи пок доштану барои он мубориза бурдани ин зан мегардад.
Коргардони филм Зайнулобиддини Мӯсо, наворбардор Мумин Латифӣ буда, дар филм Ансорӣ Асадуллозода, Райҳона Раҳимова, Ҳусейни Камолиддин ва Асад Камолов нақш офаридаанд.
Ёдрас мешавем, ки филми кӯтоҳи “Дӯғоб”-и коргардони тоҷик Зайнулобиддин Мӯсо қабланд дар кинофестивалҳои “Само” ва “Лолаи тиллоӣ” низ иштирок карда буд.
Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки Кинофестивали “Қирғизистон- мамлакати филмҳои кӯтоҳ” ҳамасола аз 12 то 15 декабр дар шаҳри Бишкек - пойтахти Қирғизистон баргузор мегардад.
Фестивали мазкур ҳар сол ба поси хотири нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов бахшида мешавад.