Рӯзи 15 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1972 - нахустин агрегати НБО-и Норак ба кор даромад.
© Амир Исаев / SputnikНурекское водохранилище
Нурекское водохранилище
© Амир Исаев / Sputnik
Соли 2006 - дар доираи ҷаласаи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун "Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ садоқат ба президенти Тоҷикистон" қабул шуд.
Ҷашнҳои рӯзи 15 декабр
- Рӯзи кормандони додгоҳ дар Украина.
- Рӯзи байналмилалии чой.
- Рӯзи шоҳ дар Нидеоландия.
Рӯзи 15 декабр кӣ ба дунё омадааст
- Абдусалом Абдуллоев (1954)- рассом ва таҳиягари кино.
- Абдуқодири Абдуқаҳҳор (1967)- журналист.
- Абдулло Абдунабиев (1926)- педагог, профессор, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (Тошканд).
- Саидхоҷа Азизов (1933) – математик, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
- Додоҷон Аҳмадов (1915 – 1975) – олими тиб, профессор.
- Гулчеҳра Бақоева (1908 – 1976) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
- Ҷалол Бобоев (1910-1999)- файласуф, профессор.
- Шоҳин Боев (1931 – 1986) – нависанда.
- Лўъбат Бурҳонова (1935) – наттоқи ТВ.
- Раъно Зоирдухт (1961)- шоира.
- Иззатбек Идизодаи Раштӣ (1953) – шоир.
- Нурмуҳаммад Исҳоқӣ (1954)- нависанда.
- Қумрӣ Қодирова (1936-2012) – сароянда.
- Сарфароз Қурбоналиев (1938) – актёр ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- Раҳимҷон Қурбонов (1938-1999)- наворбардори ТВ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- Исомуддин Соатов (1943 – 2006) – доктори илми тиб, профессор.
- Зариф Шарифов (1949) – доктори илми иқтисод, профессор.