Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”

Обуна шудан
Дар паи садамаи нақлиётӣ дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок” ронанда ҳалок ва мусофири мошин дар беморхона бистарӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи нақлиётии марргбор хабар медиҳад.

Рустамов Шаҳриёр гунаҳкори садамаи мошини Ёрии таъҷилӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
ВКД донишҷӯи ДМТ- ро дар садамаи мошини Ёрии таъҷилӣ гунаҳкор намуда, ҷарима баст

Фоҷеа: падар бо мошин фарзанди 1 солаи худро пахш кард

Гуфта мешавад, ки ҳодисаи нохуш рӯзи 13-уми декабри соли 2019, тахминан соати 10:15-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.

Тибқи иттилои ВУД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳимов Нусратулло Неъматуллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа шудааст.

Садамаи маргбор: кӯдаки 3-сола зери чархи мошин ба ҳалокат расид

"Дар натиҷа, худи ронанда Раҳимов Н.Н. дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур Рӯзиева Гулшараф Мирбоевна, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0