ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашӣ дар шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Бино ба гузоришии ин ниҳод, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҳодиса рӯзи 13-уми декабри соли 2019, тахминан соати 06:30-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар Исфара домоди хона хушдоманро кушту ҳамсарашро захмӣ кард
Тибқи иттилои ВУД, марди 19-солаи сокини маҳаллаи Меҳрободи шаҳри Панҷакент, ҳангоми дар саристгоҳи нақлиётӣ (автовокзал) қарор доштанаш бо марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар Шаҳритуз ҷавони 23 сола падари масташро корд зад
"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.