"Он рӯз наздик аст": Ҳабиб гуфт кай UFC - ро тарк мекунад - навор

Обуна шудан
Қаҳрамони доғистонӣ оид ба муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов гуфт кай UFC-ро тарк мекунад

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов дар нишасти хабарӣ бо журналистон иқрор шуд, ки анҷоми корномаи ӯ наздик аст.

Қаблан падар ва ҳамзамон сармураббии ӯ Абдуманап Нурмуҳаммедов дар ҷамъи хабарнигорон изҳори намуда буд, ки писараш пас аз рақобат бо Фергюсон, якчанд набарди дигар баргузор мекунад ва пасон корномаашро хотима медиҳад.

Рақиби навбатии Нурмуҳаммедов дар сурати пирӯзӣ бар Фергюсон маълум шуд

Худи Ҳабиб дақиқан нагуфт ,ки кай ва дар кадом вазъият тарки октагон мекунад.

Ӯ мегӯяд, ҳоло барои анҷом расонидани корномааш нақша надорад.

"Аммо ман итминон дорам, ки он рӯз дур нест. Он рӯз хеле наздик аст. Намехоҳам, ки дар бораи ояндаам андеша кунам. Ҳоло вақти хешро барои омодагӣ бар муқобили Тони Фергюсон дида истодаам", - афзудаст 

Ахиран маълум гардид, ки ду размикори варзидаи муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Тонӣ Фергюсон дар куҷо рақобат мекунанд.

Встреча Хабиба Нурмагомедова в аэропорту Ташкента - Sputnik Тоҷикистон
Истиқболи ғайриоддии Ҳабиб Нурмуҳаммедов дар Тошканд - навор

Рақобати қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва ҳамтои амрикоии ӯ Тони Фергюсон рӯзи 18 - уми апрели соли 2020 дар шаҳри Ню -Йорк баргузор гардад.

Дар ин бора менеҷери қаҳрамони ҷаҳон, Алӣ Абдул - Азиз дар сафҳаи Twitter хабар дода буд.

Ёдрас мешавем, ки Ҳабиб Нурмуҳаммедов, размикори шинохтаи доғистонӣ дар Абу-Дабӣ шаби 7 - уми сентябр бо истифода аз усули буғикунанда рақиби амрикоияш Дастин Пуареро шикаст дод ва камарбанди қаҳрамонии худро барои маротибаи дуввум ҳифз кард.

Лентаи хабарҳо
0