ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Имрӯз дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ширкати 1917 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар анҷумани навбатии ҳизб як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар оғози кори Анҷуман раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 25-умин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ ва қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори "Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум" ба арзишҳои умумибашарӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.
Имрӯз тибқи омори расмӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 490 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 235 ҳазор нафар ё 45 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, тасдиқ карда шуд ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.
Масъалаи шашуми рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд. Мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шумораи умумии номзадҳо, ки ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод менамоянд, бояд аз 28 нафар зиёд набошад.
Иштирокчиёни Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ карданд. Аз онҳо 14 нафар занон ва аксарият мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои диду нигоҳи нав ба ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти марказии ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.
"Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман Эмомалӣ Раҳмон аз нав Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Абдуҷаббор Азизӣ — муовини якум, Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки Бахтиёр Ҳамдам бори дигар сармуҳаррири нашрияи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ “Минбари халқ” интихоб гардид.