ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Таътили зимистона дар Тоҷикистон барои толибилмон аз 1 то 10 январ тӯл мекашад, хабар медиҳад Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Ин ниҳоди давлатӣ санаи дақиқи таътили толибилмонро муайян кард, вале дар мавриди иҷозати баргузор кардани чорабиниҳои Соли навӣ дар макотибу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ иттилое пахш накард.
Масъулони вазорати мазкур мегӯянд, тасмими ниҳоӣ бобати таҷлили ин ид дар макотиб як ҳафта қабл аз ҷашни Соли мелодӣ эълом мешавад.
Тақвими таътили толибилмони мактабҳои Тоҷикистон
Қобили зикр аст, ки сар аз соли 2012 бо тасмими Вазорати маорифи Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифтани ин ид дар муассисаҳои таълимӣ мамнӯъ гардид.
Вазорати маориф ҳатто оростани арчаи солинавиро низ манъ карда буд. Чунин тасмимгириро сухангӯи вазорати мазкур Эҳсони Хушбахт ба хоҳиши бевоситаи волидон рабт дод ва гуфта буд, ки ин маҳдудият аз ҷамъовари маблағ дар остонаи Соли нав пешгирӣ мекунад.
Шоми 31 декабр дар майдони “Дӯстӣ” барномаи рангоранги солинавӣ баргузор мешавад
Вазорати маориф мегӯяд, ҷавонон метавонанд дар маросимҳои солинавие, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ баргузор мешавад, ширкат кунанд.
Бояд гуфт, ки имсол арчаи асосии солинавӣ аллакай дар маркази пойтахт бо баландии 29 метр қомат афрохт. Ҳамчунин раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ бобати таҷлили ин ҷашн дар пойтахт ба раисони ноҳияҳо чандин дастуру супоришҳо дод.