Файзиддин Қаҳҳорзода: барои ташкили корхонаҳои муштарак бо Эрон ҳамкорӣ хоҳем кард

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонМинистр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода
Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Эрон ва вазири молияи Тоҷикистон зимни мулоқот бар зарурати тақвият ва тавсиаи ҳамкориҳои ду кишвар таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 12 дек - Sputnik. Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе ва Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистн дидор ва дар хусуси роҳҳои густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ ва молӣ табодули назар карданд.

Министерство финансов РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон хостори афзоиши ҳаҷми мубодилоти иқтисодии Теҳрону Душанбе шуд

Зимни мулоқот вазири молияи Тоҷикистон бо ишора ба собиқаи тӯлонии дӯстӣ ва иштирокоти ду миллат ва давлат, бар зарурати таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо, бавижа дар заминаи иқтисодӣ таъкид кард.

Қаҳҳорзода бо тақдир  ва изҳори ризоят аз кайфияти фаъолияти ширкатҳои эронӣ дар лоиҳаҳои бузурге чун садди нерӯгоҳи "Роғун" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2", хостори афзоиши сармоягузории тоҷирон ва сармоягузорони эронӣ дар кишвараш шуд

“Бо таваҷҷӯҳ ба тавонмандии фаннӣ ва содиротии ширкатҳои эронӣ, дар бисёре аз ҳавзаҳо омодаи ҳамкорӣ барои сохти корхонаҳои муштарак ҳастем”,- гуфт ӯ.

Ёдрас мешавем, ки Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар дидор бо Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар хусуси роҳҳои густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ ва молӣ табодули назар кард.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба зарфиятҳои боло ва моҳияти мукаммал будани иқтисоди Эрону Тоҷикистон омодагии Эронро барои ҳамкорӣ дар ҳама заминаҳо ва иҷрои тарҳҳои муштарак бо Тоҷикистон эълом кард.

Вазири молияи Тоҷикистон ҳам дар ин дидор бо ишора ба собиқаи тӯлонии дӯстӣ ва иштирокоти ду миллат ва давлатҳои Эрону Тоҷикистон гуфт, бо таваҷҷуҳ ба тавонмандии фаннӣ ва содиротии ширкатҳои эронӣ Тоҷикистон дар бисёре аз заминаҳо омодаи ҳамкорӣ барои сохти корхонаҳои муштарак аст.

Лентаи хабарҳо
0