Тоҷикистону Амрико масоли терроризму ифротгароиро баррасӣ карданд

© © Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни дидору гуфтугу бо муовини якуми ёвари Котиби давлатии Амрико масоили мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, санаи 9 декабри соли равон мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини якуми ёвари Котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ сафир Элис Уэллс баргузор гардид.

Госдепартамент США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Департаменти Амрико Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои барои сайёҳон хатарзо шомил намуд

Мулоқоти мазкур дар ҳошияи Конфронси 8-уми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё/Раванди Истанбул” зери унвони “Сулҳ, шарокат, шукуфоӣ” сурат гирифтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки зимни мулоқот тарафҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла тарафҳо машваратҳои дуҷонибаи дарпешистодаи солона миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими сарҳад ва ҳамкорӣ дар доираи абзорҳои минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Лентаи хабарҳо
0