Собиқ шаҳрдори Маскав Юрий Лужков имрӯз дар шаҳри Мюнхен аз олам чашм пӯшид. Лужков аз бемории қалб ранҷ мебурд ва чанде пеш пизишкони яке аз бемористонҳои Мюнхен қалби ӯро ҷарроҳӣ карданд, вале ҷонашро аз марг наҷот дода натавонистанд.
Хабари нохуши реҳлати Лужковро шаҳрдори феъли Сергей Собянин низ тасдиқ намуд.
"Юрий Михайлович Лужков моро абадан тарк кард. Бисёр таассуфовар аст ,ки ин фарди зиндадилу пурэнерҷӣ, ки барои рушди Маскав ва беҳбуд бахшидани зиндагии сокинони пойтахт ранҷ кашида буд, моро тарк гуфт. Ба ҳамаи хешу пайвандони собиқ шаҳрдор изҳори тасаллият мекунам", - навиштааст Собянин дар сафҳаи худ дар Твиттер.
Юрий Лужков 21 сентябри соли 1936 дар хонаводаи коргар дар Маскав ба дунё омадааст.
Хонаводаи сиёсатмадор аз вилояти Твер будааст.
Даргузашти мири пешини Маскав Юрий Лужков
Фаъолияти худро дар шаҳрдорӣ Лужков аз 12 июни соли 1991 оғоз кардааст, вақте ба ҳайси муовини мири шаҳр интихоб шуд.
Лужков бештар бо фаъолияти раҳбарияш машҳур аст. Ӯ дар курсии мири шаҳри Маскав 18 сол нишаста буд.
Лужков аз соли 1992 то 28 сентябри соли 2010 мири шаҳри Маскав буд.