ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон заминҷунбдии 3,5 баллӣ рух дод, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, заминҷунбӣ соати 05:23 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух дода, барои чанд муддат давом ёфт.
Гуфта мешавад, ларзиши замин талафоти ҷонӣ ва молӣ ба бор наовард.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистонро рӯзи 4 - уми декабр низ заминларза такон дод ва он замон қувваи заминҷунбӣ ба 3 дараҷаи Рихтер баробар буд.
Заминларза дар Афғонистон Тоҷикистонро низ ларзонд
Қаблан, Бонки умумиҷаҳонӣ ҳушдор дода буд, ки Тоҷикистонро мебоист захираи молиявиро барои сар задани офати табиӣ аз ҷумла заминҷунбӣ, пурқувват намояд.
Ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ, ҳудуди 60 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар манотиқи осебпазир аз заминҷунбӣ ба сар мебаранд ва дар сурати рух додани ин офати табиӣ ба ҷони онҳо хатар таҳдид мекунад.
Субҳи имрӯз заминҷунбӣ Тоҷикистонро такон дод
Бар тибқи маълумоти оморӣ, дар 20 соли ахир ҳаҷми хисорот аз заминҷунбӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 600 миллион доллар бароварда шудаст.