Рамазон Қодиров бо як назар блогерро нокаут кард - видео

https://www.youtube.com/embed/tHyVpjSKYu0
Обуна шудан
Дар интернет наворе паҳн шудааст, ки дар он раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар саҳнаи ҳаҷвие нақш офаридааст

Рамазон Қодиров дар наворе ба ҳайси мураббии блогерҳои машҳур нақш офаридааст.

Тибқи саҳна, дар шаҳри Грозний бояд миёни ду ҳаҷвнигор Артем Калайдҷанян ва Михаил Литвин рақобат баргузор шавад.

Рамзан Кадыров поздравил Нурмагомедова с победой - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Қодиров барои табрики Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба Абу-Дабӣ рафт

Қарор шуд, ки Калайдҷанянро худи Рамазон Қодиров тамрин медиҳад.

Дар навор Қодиров бо виқори ҷиддӣ ба толори машқие меояд. Ӯ шогирдашро машқ медиҳад ва кӯшиш мекунад боварӣ ба худро, дар дилаш ҷой диҳад.

"Ту метавонӣ. Ту сад дар сад пирӯз мешавӣ", - дастгирӣ мекунад, Қодиров.

Ҳамин тавр раҳбари Чеченистон ба шогирди худ мегӯяд нигоҳаш бояд таъсирбахш бошад.

"Ту омодаӣ, вале нигоҳат бисёр меҳрубонона аст. Нигоҳат бояд хашмгин бошад", - мегӯяд Қодиров.

Дар охир ду блогер дар октагон вомехӯранд.

Рақобат оғоз нашуда анҷом меёбад, чун рақиб аз нигоҳи Қодиров дар ҷояш афтида нокаут мешавад.

Лентаи хабарҳо
0