Муаррифии тарҳи нави Бунёди Оқохон дар ВМКБ

© Аз мақомоти ВМКБМуаррифии тарҳи нави Бунёди Оқохон дар Хоруғ
Муаррифии тарҳи нави Бунёди Оқохон дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Урупо маблағгузорӣ шуда, дар беҳтар намудани сифати зиндагии мардуми шаҳри Хоруғ саҳмгузорӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар мақомоти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо ширкати раиси вилоят Ёдгор Файзов муаррифии тарҳи "Мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфросохтори муҳим дар шаҳри Хоруғ" - и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардидааст.

Бино ба гузориши мақомоти ВМКБ, Бунёди тоҷикистонии Оқохон оид ба макони зист ва Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимои Манотиқи Кӯҳистон дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барномаи мазкурро дар шаҳри Хоруғ амалӣ карда истодаанд.

Агентства Ага Хана по Хабитат оказала помощь спасательным отрядам КЧС - Sputnik Тоҷикистон
Кӯмаки навбатии Бунёди Оқохон ба Бадахшон

Тарҳ аз ҷониби Иттиҳоди Урупо маблағгузорӣ карда шудааст. Давомнокии лоиҳа 18 моҳ идома меёбад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳадафи лоиҳа ин бунёд намудани инфросохтори иҷтимоӣ, ӣарои эҳтиёҷоти мардум мебошад.

"Ин фаъолиятҳо дар нигоҳ доштани сулҳу субот саҳми босазо гузошта, хизматрасониҳо ва инфрасохторҳои ҷамъиятиро беҳтар менамоянд ва имконияти ташкил намудани ҷойҳои кории муваққатӣ барои ҷавононро тавассути корҳои сохтмонӣ фароҳам меоваранд", - омадааст дар хабарнома.

Дар умум лоиҳа дар беҳтар намудани сифати зиндагии мардуми шаҳри Хоруғ саҳмгузорӣ менамояд.

Фаъолиятҳои мушаххаси барнома аз қисматҳои зерин иборат аст:

  • Беҳтар намудани шароити таълим барои хонандагони мактаб тавассути сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти умумии рақами 5 дар кӯчаи Саидмир Абдураҳмонови шаҳри Хоруғ;
  • Муҳайё сохтани шароити дастрасӣ ба марказҳои варзишӣ барои кӯдакон ва ҷавонони шаҳри Хоруғ тавассути бунёди шаш адад майдончаи варзишӣ дар Хоруғ;
  • Таъмин намудани аҳолии маҳаллаи Бизмич бо оби нӯшокӣ тавассути сохтмони системаи оби нӯшокӣ ва пайваст намудани ҳар як хоҷагии алоҳида ба системаи обтаъминкунӣ аз тариқи ҳисобкунак барои истифодаи самараноки об;
  • Коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ тавассути амалӣ намудани лоиҳаи хурди соҳилмустаҳкамкунӣ дар маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ;
  • Ҷалб намудани гуруҳҳои ҷавонон ва шарикони лоиҳа ба чорабиниҳои гуногун, аз қабили гузаронидани маҷлисҳои ҳамоҳангсозӣ, омӯзишҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ воқифгардонӣ оиди беҳдошт, таъмин намудани нигоҳубин ва идоракуни пойдори инфросохторҳои бунёдшуда, ки таъсири лоиҳаи мазкурро беҳтар менамояд.
Лентаи хабарҳо
0