Мардҳо ку? се зани тоҷик дар асорати нерӯҳои Афғонистон

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARПрезидент Афганистана Ашраф Гани
Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон аз асорати садҳо зану мард ва атфоли доишӣ дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Раисҷумҳури Афғонистон дар нишасти вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”, ки 9 декабр дар шаҳри Истамбул баргузор шуд, аз асорати теъдоди бузурги ҷангиёни ДОИШ дар вилояти Нангарҳори кишвараш омори қобили таваҷӯҳеро ироа кард, аммо ба сабабҳои номаълум ин оморро мӯшикофӣ накард.

Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай гуфт: “Дар маҷмӯъ 1442 доишӣ бо аъзои хонавода таслим шуданд, ки дар миёни онҳо 401 мард, 381 зан ва мутаассифона, 660 кӯдак ҳастанд. Аз 401 мард 196 покистонӣ, 3 урдунӣ, 4 турк ва як эронӣ буда, аз 381 зан 330 тан табааи хориҷӣ мебошанд, ки дар миёни онҳо 10 ҳиндӣ, 6 ӯзбекистонӣ, як турк, 3 урдунӣ, 3 тоҷикистонӣ ва 2 қирғизистонӣ ҳузур доранд”.

Боевики Исламского государства - Sputnik Тоҷикистон
ДОИШ дар Афғонистон ба гурӯҳи худ атбои хориҷӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷалб мекардааст

Раисҷумҳури Афғонистон аз 401 мард кишвари тобеияти 204 нафари онҳоро ном бурд ва аз 330 зани хориҷӣ танҳо шаҳрвандии 25 тани онҳоро мушаххас кард.

Ӯ атбои кишварҳоеро ба забон овард, ки узви “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” ҳастанд ва дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии онҳо ҳузур ёфта буданд. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай қабл аз овардани ин арқом кишварҳои узви “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” – ро барои ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи терроризм даъват карда, гуфт, соли гузашта 10 вулусволии вилояти Нангарҳор таҳти султаи ДОИШ қарор доштанд ва имсол ин вулусволиҳо пурра аз ҳузури ин гурӯҳи худхонда поксозӣ шуданд.

“Моҳи гузашта ман аз вилояти Нангарҳор барои сипосгузорӣ аз мардум ва неруҳои маданиву низомии мо барои итминон аз таслими комили 243 ҷангҷӯи боқимондаи ДОИШ дар Нангарҳор боздид кардам.

 Лозим ба зикр аст, ки ин ҷангҷуёни асири ДОИШ атбои кишварҳои зер буданд: Покистон, Эрон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Малдивҳо, Туркия ва Ӯзбекистон”, - гуфт Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай.

Озарбойҷон, Ҳинд, Эрон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон дар ҷумлаи 15 кишвари узви “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” – як бистар ё платформаи ҳамкориҳои минтақаӣ ба хотири овардани сулҳу субот дар Афғонистон минҳайси “Қалби Осиё” - маркази қитъаи Осиё ба шумор меоянд.

Нападение на погранпост в Таджикистане: эхо Афганской войны - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Афғонистон: миёни кушташудагони ДОИШ-ӣ тоҷикон низ ҳастанд

Ҳоло омори интихобӣ ва нопурраи раисҷумҳури Афғонистон, бахусус зикри занони бархе кишварҳои узв ва ироа нашудани иттилоъ дар бораи мардони онҳо, бар теъдоди ҷангиёни асируфтодаи гурӯҳи худхондаи ДОИШ ба дасти ҳукумати Афғонистонро равшанӣ намеандозад.

Ҳанӯз шахсият ва кишвари тобеияти 197 мард ва 305 зани хориҷӣ маълум нест. Бо ин вуҷуд, оморе, ки Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ироа намуд, мукаммалтарин иттилоъ дар бораи асирони доишии нерӯҳои амниятии Афғонистон то ба имрӯз аст.

Қаблан вазорати дифоъи ин кишвар ба Sputnik гуфта буд, ки дар Нангарҳор 243 доишии хориҷӣ бо иттифоқи 625 зану кӯдак ба асорат даромадаанд, ки бештарини онҳо аз минтақаи Оракзай ва Боҷавури Покистон ҳастанд, аммо теъдоди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Эрон низ қобили мулоҳиза аст.

Дар ҳоле ки раисҷумҳури Афғонистон омори асорати занон аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистонро доду аз теъдоди мардони ин кишварҳо бар иловаи Қазоқистон ҳарфе ба забон наовард, иттилоъ дар бораи теъдоди доишиёни асируфтодаи Осиёи Марказӣ ба дасти ҳукумати Афғонистон боз ҳам ҷолибтар хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0