Манъи пӯшидани либоси арабӣ дар бузургтарин донишгоҳи Сурия

© AFP 2023 / MARTIN SYLVESTДевушки в хиджабе, архивное фото
Девушки в хиджабе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дарбонҳои донишгоҳ аллакай муваззаф шуданд, ки муҳассилини ин боргоҳро бо либоси анъанавии арабӣ ба дохили бино роҳ надиҳанд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ҳамакнун донишҷӯёни донишгоҳи бузургтарини Димишқ наметавонанд бо либоси арабӣ вориди донишгоҳ шаванд, хабар медиҳад  Sham FM.

Девочка примеряет хиджаб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар боғча ва макотиби Олмон пӯшидани ҳиҷоб мамнӯъ мешавад

Ба иттилои манбаъ, тасмими мазкур аз ҷониби маъмурияти донишгоҳ ва ректори он гирифта шуд. Ҳамзамон пӯшидани либоси варзишӣ ва шалвари кӯтоҳ низ барои донишҷӯён манъ карда шуд.

Гуфта мешавад, дарбонҳои ин боргоҳ аллакай муваззаф карда шуданд, ки аз вуруди нафороне, ки либосҳои манънамударо ба бар доранд, ҷилавгирӣ намоянд.

Духтари ҳиҷобпӯш баъд аз муҳориба дар мусобиқаи ММА ба ҳалокат расид

Қобили зикр аст, ки ниқоб дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ хеле маъмул аст, аммо дар Ислом бар хилофи ҳиҷоб пӯшидани ниқоб шарт нест.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар кӯдакистонҳо ва макотиби Олмон пӯшидани ҳиҷобро то андозае маҳдуд намуданд.

Роҳбари Иттифоқи масеҳии демократӣ Аннегрет Крамп- Карренбауэр ба пӯшидани ҳиҷоб барои духтарони мактабхон ва кӯдакистонҳо мухолифат карда, дархост намудаст, ки дар бар кардани он дар ин муассисаҳо манъ карда шавад,

"Пӯшидани ҳиҷоб кӯдакони хурдсолро ҳам дар макотиби ибтидоӣ ва ҳам дар кӯдакистонҳо ба бегона табдил медиҳад. Мо мехоҳем ба ҳар ҳол инро пешгирӣ кунем", - афзудаст роҳбари ИМД.

Ба боварии Крамп- Карренбауэр, пӯшидани ҳиҷоб дар ин синну сол нишонаи диндорӣ нест, балки талаботи волидони кӯдакон мебошад.

Гузашта аз ин, вай бовар дорад, ки  рӯмол ба муоширати кӯдакони мусалмон ва масеҳӣ халал мерасонад, зеро кӯдакони ҳиҷобпӯш ҳамчун "бегона" қабул карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0